ВОЖАГОНИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ДАР ЛОБАЛОИ ТАЪЛИФОТИ ФИҚҲИИ ҲАКИМ ТИРМИЗӢ ВА АРЗИШИ АДАБИИ ОНҲО
(“Форсиёт”-и Ҳаким Тирмизӣ ва арзиши адабии онҳо)
Забон ба ҳайси унсури асосӣ дар давронҳои ҳассос ва тақдирсоз барои миллати мо нақши муҳим дар бақои ҳувияти он доштааст. Ин маънӣ дар таҳқиқоти ҷомеъи Пешвои миллат, Асосгузори ваҳдати миллӣ, Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – “Забони миллат- ҳастии миллат”[1] ба равшанӣ ҳувайдост. Саргузашти забони тоҷикӣ дар баробари он ҳама таҳоҷуми бегонагон ва пойдориву устувории он аз ҳодисаҳои нодири сотсиолингвистӣ мебошад, ки омӯзишу таҳқиқи омилҳо ва пайомадҳои он метавонад ба бисёр паҳлуҳои илми забоншиносӣ равшанӣ андозад. Дар ин робита хидмати донишмандону олимони миллати мо, ки дар ин даврони ҳассос мезистанд ва ба таълиму таълиф машғул буданд, дар ибрози масъалаҳои муҳимму боназокат ва баёни дақиқиҳои илмҳои мавриди омӯзиши хеш аз вожаҳо ва мафҳумҳои забони модарии худ кор мегирифтанд, сутуданист.
Он ҳама вожагоне, ки дар лобалои навиштаҳои арабии пеш аз ислом ва қарнҳои аввали интишори ислом ба забони мо бо воситаҳои гуногун ворид шудаанд, ба унвони “форсиёт” машҳур мебошанд. Ҳузури вожаҳои форсӣ дар матнҳои арабии муаллифони форсизабон ба чанд далел метавонад бошад. Пеш аз ҳама, муаллифон ҳангоми баёни мафҳумҳои дақиқ ва нозук дар илмҳои алоҳида ногузир ба мухотабони хеш, ки мардуми бумии ин сарзамин буданд, бо забони модарии онҳо истилоҳҳо ва мафҳумҳоро шарҳ медоданд. Дигар он, ки муаллифон барои равшантар баён кардани матлаби худ аз вожаҳо ва таркибҳои забони роиҷи маҳалли худ истифода мекарданд, ки як амри табиӣ ва савқӣ метавонад бошад. Ҳамин “вуҷуди забони зиндаи тоҷикии форсии дарӣ гузаштаи тоисломии халқҳои эрониро бо даврони исломии таърихи Эронзамин бипайваст ва нагузошт, ки миёни ин ду марҳилаи аз лиҳози ҷаҳоншиносии динӣ ба ҳам мухолиф фосила ва гусастагии маънавӣ пайдо шавад, ҳамон гуна гусастагие, ки мӯҷиби “араб”шудани мардуми кишварҳои дигар гардид”[2].
Ин ҳодисаи адабӣ ва забонӣ дар замони қудрату ҳукумати забони арабӣ барои забони тоҷикӣ (форсии дарӣ) замина ва зинае гардидааст барои касби забони расмӣ ва давлатӣ кардани он. Ва ин ҳодисаи фараҳбахш бо ба қудрат расидани сулолаҳои миллии Тоҳириён (821–873), Саффориён (873–903) ва ниҳоят Сомониён (875–999) амалӣ гардид, ки ҳамоно барои ба мартабаи забони давлатӣ ва расмии ҳукуматҳои шарқии хилофат расидани он мусоидат намуд.
Дар њамин давра дар осори њакимону донишмандони риштањои гуногуни илм форсиёт истифода мешуд. Бояд зикр намоем, ки зарурати истифода аз вожаҳо ва таркибҳои форсӣ дар илмњои дигар, љуз адабиёт, бештар ба назар мерасад. Истифода аз калимањои форсї дар матнњои фиќњї ва ирфонї бино бар баёни даќиќи масъалањои назарї ва амалии соњањои ёдшуда сурат гирифтааст. Гузориши хешро дар ин мавзўъ дар мисоли эљодиёти њакиму орифи машњури давр Њаким Тирмизї (755–869) пайгирї менамоем, ки бар раѓми сўфиёни машњур, ки аз навиштан парњез доштанд, осори зиёде ба забони арабї боќї гузоштааст. Мулоњизоти мо дар ин замина дар мабнои навишта ва мисолњои оварда дар маќолаи Муњаммадалии Мувањњид «Форсиёт дар мутуни тозї»[3] хоњад буд. Агарчи сурати чопи баъзе калимањои форсї ѓалатанд, (зеро асли дастхатти китобњо дар дастраси муаллифи маќола набудааст), вале аз он љо ки худи Њаким шакли арабии калимањоро овардааст, муаллифи маќола онњоро ќиёсан тасњењ намудааст.
Њоло муњим он аст, ки аз замони ибтидои интишори афкори фиќњии исломї ба забони арабї дар баёни матолиби даќиќи фиќњї Њаким Тирмизї аз забони модарии хеш барои њамќавмони худ истифода кардааст. Вуљуди ин калимањо дар он даврони «сукут»-и забони форсии тољикї барои мо ѓанимати боарзиши адабї, илмї, таърихї ва нињоят далели исботи аслу маншаи мовароуннањрї доштани забони дарии роиљ дар даврањои баъдиро мерасонад, зеро забони гузаштагони Њаким Тирмизї мантиќан суѓдї бояд бошад. Вале ташаккули забони форсии дарї дар ин замон љараён дошт ва он забони умумии мардумони Осиёи Миёна ва Хуросон гардида буд. Вожањои форсии дар осори арабии Њаким Тирмизї истифодашударо ба чор даста таќсим кардан мумкин аст: 1) вожањои маъруф, ки имрўз низ истифода мешаванд, мисли подшоњ; 2) вожањое, ки дар адабиёти гузашта истифода шудаанд, вале имрўз аз доираи истеъмол берун мондаанд, мисли андарёб; 3) вожањое, ки агарчи на дар осори мактуби гузашта истифода шудаанд ва на дар фарњангњои тафсирї аз онњо ёд шудааст, вале дар гўиши мардум зиндаанд, мисли вожаи дошт дар баробари вожаи суботи арабї. Мутаассифона, муаллифи маќола онро вожаи мањљур хонда, «имрўза мафњумеро, ки Њаким дар баробари он овардааст, аз даст дода ва корбурди дигаре пайдо кардаанд, масалан Њаким «дошт» – ро дар баробари «субот» - и арабї овардааст, ки имрўз он маъниро дар зењн илќо намекунад: «Ќола лању ќоил: ва мо афзал мо аъто ассоилин? Ќола ассубот ва њува аддошт би-л-аъљамияти[4] ...». 4) Гурўњи вожагоне, ки дар гузашта ва имрўз истифода нашудаанд, мисли вожаи фарзад – ба маънии «алаф», ки ба гумони мо шояд аз вожањои боќимондаи забонњои бостонї ё миёнаи шарќии роиљ дар минтаќа бошад. Њаким Тирмизї барои тавзењи ин ё он мафњуми арабї ва даќиќу равшан ифода намудани он мурољиат ба вожањои форсї мекунад ва барои баёни матлаби хеш баъзан аз њар ду забон мафњумњоеро дар баробари њам истифода менамояд. Намунаи ин њолат истифодаи вожањои идрок ва андарёб метавонад буд, ки «њеч як аз ду калимаи форсї ва арабї вофї ба маќсуди Њаким нест. Ў дар маќоми баёни ин нукта аст, ки дарёфтан чизе мутазаммини маънии шумул ва ињота бар он чиз аст. Зењни мудрик бояд битавонад бар мадрак муњит гардад ва онро дар њитаи шумули худ дароварад. Тамоми иборати Њакимро дар ин бора мурур мекунем: «Ва аммо ад-дирок фањува ал-ахаз ва њува ал-андарёб би-л-аъљамияти ва њува би-л-ъарабияти ал-идрок: ал-иштимол. Фа ањлил љанната анзуруна илайњи ва ло таштамил абсорањум ало мо яравна манњу мин аз – зоњирати. Фа аммо ал-ботини-л - фало ќивам ло њад ало ан назар вало сабил илайњи ва њува њакарнаки би-л-аъљамияти (бечунагї – бояд бошад, ки хато сабт шудааст) ва би-л-арабияти било кайфиятиҳи»[5].
Њамин гуна Њаким Тирмизї вожањои зиёди форсиро барои баёни матлаб ва даќиќу равшан ифода намудани он истеъмол кардааст, то љое ки барои баъзе вожањои форсӣ муодили арабї пайдо накарда, онњоро айнан ба форсї меорад, мисли вожаи ком, ки онро чунин тавзењ медињад, ки «он чизест шабињи нафс, вале њамон нест. Ширинии комро дар баробари ширинии Худованд мегузорад, ки аввалї болотарин лаззати дунё, дуввумї болотарин лаззати малакут аст»[6].
Гузашта аз ин, Њаким гузориши хобњои хеш ё дигаронро медињад, ки мазмуни онњо ба форсий буда, айни љумлаи форсиро пас аз тавзењи арабии он меорад, мисли љумлаи зер: «Бадї написандед ва дўст доред нек»[7] (Њама ҷо њарфи д(د) дар шакли з(ذ) навишта шудааст. – М.Ш.). Маълум мешавад, ки воридоти ќалбии ин орифи мутафаккир бо забони форсї сурат мегирифтааст, ки аз онњо дар хилоли навиштањояш дар осори шарњињолии хеш «Бадви шонї Абиабдуллоњ» (бо тањќиќи Усмон Яњё дар Бейрут, 1965 чоп шуда аст) ва китоби «Ал-масоил ал-макнуна» (тањќиќи Муњаммад Иброњими Љайш, Димишќ, 1980) бо љумлаву иборањои комили форсии тољикї мисли «Фаттаҳул субҳонал-Лоњ љањон туро њаменигаранд», «Нигине ман туро додам», «Се чиз туро додам: Љалоли ман, азамати ман ва бањои ман» ва нињоят бо чанд љумла ифодаи матлаб: Эдун чизе њаме бибуд ва љамши (љунбиши) халќ њама аз Вай, азамати парї, њама чизњо аз Вай бањо саро (? шояд ба њар ду саро – М.Ш.) њама чизњо аз Вай нахуст фаро осмонњо дидам уканда...»[8] . Форсиёти Ҳаким Тирмизи дар ќарни севуми њиљрї/нуњуми милодї нишон аз он медињад, ки забони форсї дар минтаќањои Мовароуннањр забони зиндаи муомилаву муоширати мардум ва забони дар њоли таълиму китобат шудан будааст, ки мо аз ин давраи таърихи забонамон осори мактуб, хосса ба хатти арабї хеле кам дар даст дорем ва навиштањои форсии Њаким Тирмизї дар хилоли осори фаровони арабии ў аз ѓаниматњо ва нишони адабиёти қарни нуњуми милодї ба забони форсии тољикист.
Шамсиддин Муҳаммадиев,
ведущий научный сотрудник Института языка и литературы имени Абуабдуллоха Руддаки Нatsiональной Академии наук Таджикистана, кандидат филологических наук.
Институт языка и литературы имени Рудаки НАНТ
Адабиёти истифодашуда:
- Бунёди мавќуфоти дуктур Мањмуди Афшори Яздї. Гузашта ва ояндаи фарњангу адаби Эрон.
- Мувањњид, Муњаммадалї. Форсиёт дар мутуни тозї. Ганљина, 38. – сањ.
- Раҳмон, Эмомалӣ. Забони миллат–ҳастии миллат. – Душанбе: Эр-граф, 2016.
[1] Раҳмон, Эмомалӣ. Забони миллат– ҳастии миллат. – Душанбе: Эр-граф, 2016. – 492 с.
[2] Раҳмон, Эмомалӣ. Забони миллат–ҳастии миллат. – Душанбе: Эр-граф, 2016. – С,175.
[3] Мувањњид, Муњаммадалї. Форсиёт дар мутуни тозї // Ганљина, 38. сањ. 81-99. Бунёди мавќуфоти дуктур Мањмуди Афшори Яздї. Гузашта ва ояндаи фарњангу адаби Эрон.
[4] Мувањњид, – сањ. 82.
[5]Мувањњид, 83.
[6] Мувањњид, 83.
[7] Мувањњид, 84.
[8] Мувањњид, 85.
Izoh qoldirish