ДЎСТИРО ҶУСТУҶЎ ДОРЕМ МО
Аз азал мардуми ӯзбеку тоҷик бо ҳам дӯсту бародар, хешу ақрабо ва ҳампаҳлу зиндагӣ намудаанд. Дӯстию бародарӣ, ҳамзистию ҳамкорӣ, қадршиносию қадрдонии халқҳои ӯзбеку тоҷик таърихи хеле тӯлонӣ дошта, онҳо дар як муҳиту фазо дар доираи эҳтироми ҳамдигар, бо дастгирии якдигар умр ба сар бурдаанд. Дар ин бобат забоншиноси маъруф, академик Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов менависад: “Халқҳои меҳнаткаши ӯзбеку тоҷик таърихи қадим доранд. Онҳо ҳамчун ду фарзанди як оила дар як сарзамин - дар як ҷой зиндагӣ карда, аз як ҷӯй об нӯшида ва рӯзҳои тӯю сур, шодию тантана, ғаму ғуссаро бо ҳам дида ва аз сар гузаронидаанд. Анъанаҳои мардумии ӯзбекону тоҷикон бо ҳамдигар хеле шабоҳат доранд, ки бисёр маросимҳои анъанавӣ, аз ҷумла “хирманкӯбӣ”, “юғмонон”, “токбуррон” ва ҳашарҳои гуногун ба ҳар ду халқ якрпанг гаштаанд. Бинобарин имрӯз робитаи байналхалқии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон аз пештара хеле мустаҳкам гардида, барои таъмини ҳаёти фаровони ин ду халқ роли муҳимро мебозад.
Маълум аст, ки рушди фарҳанги ӯзбекону тоҷикон аз давраҳои бостон бо ҳамдигар якранг буда, фарқ миёни онҳо гузоштан амри маҳол аст. Чӣ дар соҳаи адабиёт, чи дар соҳаи санъати мусиқӣ ва чи анъанаҳои мардумӣ ин ду мардум яктану якҷон ҳастанд. Бунёди ин мероси гаронбаҳоро дўстию рафоқат, хайрхоҳӣ, некию накукорӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, ки аз замони қадим решаи мустаҳкам дорад, имрӯзҳо бошад бо сиёсати оқилонаи раҳбари давлатамон – мӯҳтарам Шавкат Мирзиёев хеле мустаҳкам гардида истодааст, ки лоиқи таҳсин мебошад. Дарҳақиқат, тоҷикон ва ўзбекон дар бисёр лаҳзаҳои ғаму шодӣ, барору нобаробарӣ, нокомию пирўзиҳо бо ҳам буданд ва дар ҳама ҳолат дўстию бародариро пос дошта, якдигарро иззату эҳтиром ва қадрдонӣ менамуданд.
Яке аз сабабгори ҳамин гуна муносибат ба шарофати шахсиятҳои барҷастаи таърих дар қарни ХV дар мисоли ҳамкориҳои адабию дўстонаи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ дидан мумкин аст.
Яке аз рукнҳои муҳими муносибатҳои иттифоқӣ байни Ӯзбекистону Тоҷикистон дар таърихи 3 юми июни соли ҷорӣ бо ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти мӯҳтарами Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев баргузор гардид, ки хеле барои ин ду мардум вохурии таърихӣ ва рӯзҳои хотирмон мебошад. Муносабати оқилона ва одилонаи сарвари давлатамон мӯҳтарам Шавкат Мирзиёев бо раҳбарони ҳукумати Тоҷикистон хеле дар сатҳи олӣ ва дӯстона баргузор гардид. Дар рафти ташрифи мазкур оиди муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, равобити адабиву фарҳангӣ, кушодани роҳи оҳан байни ду кишвар ва дигар созишномаҳо ба имзо расид. Албатта, ин гуна иқдоми нек ва сиёсати хирадмандонаи ду раҳбари давлат барои таъмин ҳаёти фаровони ду кишвар хеле роли муҳимро мебозад. Сарони ду кишвар оиди масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои муштараки судманди Ӯзбекистону Тоҷикистонро, ки ба риштаҳои чандинасраи дӯстӣ ва ҳамсоягии волои халқҳои бародари ӯзбеку тоҷик асос ёфтааст, дар мулоқоти 3 юми июни соли ҷорӣ баррасӣ намуданд.
Зимни суҳбат ба густариши минбаъдаи муколамаи байнипарлумонӣ ва дипломатияи мардумӣ, рушди робитаҳои байниминтақавӣ, таҳкими ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Дар ҷараёни музокирот раҳбарони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ҳамчунин доир ба масъалаҳои амният ва суботи минтақавӣ табодули афкор намуда, аҳамияти алоҳидаи мулоқотҳои машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказиро баён намуда, зарурати идомаи муколамаи созанда ва дастгирии мутақобиларо дар доираи чаҳорчӯби созмонҳо ва сохторҳои байналмилалӣ қайд намуданд.Илова бар ин, ҷониби Ӯзбакистон ният дорад, шумораи грантҳои таҳсилоти ҳамасола барои шаҳрвандони Тоҷикистонро афзоиш диҳад.Ба ғайр аз ин оиди масъалаҳои муҳими иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳанӣ ва сиёсӣ созишномаҳои тарафайн аз ҷониби Раҳбарони ду кишвар ба имзо расид.
Дар хотима Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон мӯҳтрам Шавкат Мирзиёев изҳори итминони қатъӣ намуд, ки «натиҷаҳои сафари таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бешубҳа ба таҳкими минбаъдаи риштаҳои чандинасраи дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва неки ҳамсоягии халқҳои мо хизмат хоҳад кард».
Хулоса, бовар дорем, ки вохурии мазкур барои рушди иқтисод ва муносибатҳои фарҳангии ду кишвар самараи неки худро дар ояндаҳои наздик медиҳад.
Ҷамаҳматов Каромиддин.
Манба: Рўзномаи "Хатлон" №46 (3405), 28.07.2022
Izoh qoldirish